«Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Эълонҳо / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 762
Бахшида ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гардидааст, идораи рӯзномаи “Хатлон” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодиро таҳти унвони «Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик» эълон мекунад.
Дар озмун журналистон, муҳаққиқон, таърихшиносон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандон иштирок карда метавонанд. Иштирокдорон метавонанд мақолаҳои худро дар доираи жанрҳои публитсистӣ омодаву пешкаш намоянд.
Мақолаҳо дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд, мақолаҳои худро ба унвонии почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод кунанд.
Озмун аз 4 феврали соли 2022 оғоз гардида, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадр карда мешаванд.
МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 2 000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 1 500 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.
Навиштаҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯаи алоҳида низ чоп карда мешаванд.