Ҷаҳон моро шинохт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 955
Миллати куҳанбунёди тоҷик баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард. Орзуи ҳазорсолааш ҷомаи амал пӯшид.
Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷикро соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардонд. Асъори миллии худро қабул намуд. Артиши миллиро таъсис дод. Забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуд. Маҳз Истиқлол ба миллати тоҷик имкон дод, ки мардуми ҷаҳон забони ӯро шунавад.
Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муб-рами рӯз пешниҳодҳои муфид ба миён мегузошт ва он аз ҷониби оламиён қабул мегардид. Мисоли равшани он оид ба масъалаи об аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардида, иҷро шуда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ба дигаргуниҳои мусбат муваффақ гардид. Даҳҳо фарзандони тоҷик соҳиби унвони доктори илм шуд, ки онҳоро бо навовариҳояшон дар ақсои олам мешиносанду меҳнаташонро қадр мекунанд. Имрӯзҳо 46 000 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон таҳсил мекунанд. Биноҳои бисёрошёнаи ҳозиразамони манзилӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳу табобатхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ва тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Миллати тоҷик мероси қариб шашҳазорсолаи худ - иди Наврӯзро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Ҳамчунин, либоси чакан моли миллати тоҷик эътироф гардид ва дар ҷаҳон муаррифӣ карда шуд. Ҳазорон сайёҳони хориҷӣ аз манзараҳои биҳиштосои Тоҷикистон дидан намуда, либосҳои чакани моро бо худ мебаранд. Соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки давлат фарзандони фарзонаашро қадр намуда, онҳоро ба мардуми Тоҷикистон ва дигар давлатҳо муаррифӣ намояд. Фарзандони фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устод Мирзо Турсунзода, арбобони сиёсиву давлатӣ Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гирифтанд.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллат 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои марбута, соҳибкорону аҳли маҳал меҳнати босазо намуданд. Меҳтарони ҷангу меҳнат низ дар канор намонданд. Онҳо аз ҳисоби пасандозҳояшон ва ёрии фарзандони ватандӯсти хеш биноҳои ҳозиразамони таъйиноташон гуногун ва пулҳо сохтанд. Барои аҳолӣ оби нӯшокӣ бароварда, роҳҳоро мумфарш намуданд.
Миллати тоҷик шукрона аз он мекунад, ки неъмати аз ҳама болотар -соҳибистиқлолӣ насибаш гаштааст, ки он миллатро соҳиби давлату Ватан гардонидааст. Дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки 30-40 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аммо соҳибдавлат нестанд.
Орзуи онро мекунем, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳазорсолаҳо боқӣ монад, Парчами миллӣ парафшонӣ намояд, сулҳу ваҳдат тантана кунад, мардуми тоҷик сарбаланд бошанд.
Сафармуҳаммад Зарифӣ,
раиси комиссияи доимии ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои ветеранҳои ҷангу