РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ЭҶОДИИ БЕҲТАРИН ЭССЕ ДАР МАВЗӮИ “МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ВАҲДАТСАРО”-РО ҚАДРДОНӢ НАМУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм, Боздид 1 462
Имрӯз, санаи 24-уми апрели соли 2021 рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ифтихори 110-солагии шоири маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода барои донишҷӯёни риштаҳои рӯзноманигорӣ ва филологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмуни беҳтарин эссе дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – шоири ваҳдатсаро”-ро баргузор намуд.
Дар ифтитоҳи озмун сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода хусуси мақсади гузаронидани озмун андешаронӣ карда, изҳор намуд, ки ба ифтихори 90-солагии Рӯзномаи “Хатлон” як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки озмуни имрӯза аз ҷумлаи онҳо мебошад. Яке аз ҳадафҳои доир намудани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, санҷиши донишу фаҳмиши ҷавонон оид ба ҳаёт ва эҷодиёти пурғановати Мирзо Турсунзода, ҷалби таваҷҷуҳ ба нобиғаҳои тоҷик ва ба матбут мебошад.
Ғайр аз ин, мушовири ректори донишгоҳ Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултаи филологияи тоҷик Меҳрубон Назаров, мудири кафедраи рӯноманигорӣ Махкамова Дилором оид ба манфиати гузаронидани чунин озмунҳо, ташаббускории рӯзномаи “Хатлон” шакл ва талаботи иштирок дар озмун табодули афкор намуданд.
Сипас, давоми вақти муайянгардидаи озмун (90 дақиқа) донишҷӯён дар мавзӯи озмун мустақилона эссе навишта, пешниҳоди аъзои ҳакамони озмун карданд. Маводҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни озмунро аъзоёни ҳакамон омӯзгорони донишгоҳи мазкур Махкамова Дилором, Изатуллоева Дилбар, Хомушова Дилафрӯз ва Суҳроб Азиззода намояндаи рӯзномаи Хатлон мавриди санҷиш қарор дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Зимни ҷамбасти озмун сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода афзуд, ки тибқи нақшаи пешакӣ аз моҳи сентябри соли равон барои донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ стипендияи Идораи рӯзномаи Хатлон ташкил карда мешавад, ки ба хотири ҷалби ҷавонон ба рӯзнома мебошад.
Дар қисмати охир 3 нафар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин, 3 нафар ҷойҳои ифтихорӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Идораи рӯзномаи “Хатлон” сарфароз гардонида шуданд.
Ғолиби ҷойи якум Баротова Фарида, донишҷӯи курси дуюм, ҷойи дуюм Ҷасури Қиёмиддин, донишҷӯи курси якум ва ҷойи сеюм Шамсулло Муддинов, донишҷӯи курси сеюми бахши рӯзноманигорӣ соҳиб гардиданд.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Назаров Меҳрубон, Махкамова Дилором дар бораи ташаббуси рӯзномаи “Хатлон”, роҳҳои ҷалби донишҷӯён ба рӯзнома ва фаъолони риштаи рӯзноманигорӣ изҳори назар намуданд.
Иштирокчиёни озмун оид ба шакли баргузорӣ ва шаффофияти озмун, таъҷилан ҷамбаст гардидани он суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони озмуни мазкур миннатдорӣ намуданд.
С.АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04