Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Паём - роҳнамои фардои дурахшон


Паём - роҳнамои фардои дурахшон




Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар он ҳамаи самтҳои сиёсию хориҷӣ ва дохилии хоҷагии  халқи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Имсол Паёми Пешвои миллат тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш гардид, ки кормандони касбу кори гуногун ва шаҳрвандон дастаҷамъона онро гӯш карданд. Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат дар ин Паём ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи малакатро таҳлили амиқ намуда, баҳри боз ҳам беҳтар шудани зиндагиву некуаҳволии сокинони мамлакат дастуру супоришҳои судманд доданд. Дар воқеъ, дар ин Паём Пешвои миллат панду андарзҳое гуфтанд, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд. Ҳар як сухане, ки дар ин Паём дарҷ шуд, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавононро ба рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ мекард.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат дар барбари дигар самти хоҷагии халқи мамлакат, ба самти кор бо ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи бештар намуда, иброз доштанд, ки саҳми ҷавонон дар тамоми соҳаҳо назаррас аст. Сарвари давлат қайд карданд, ки дар дунё аз рӯйи синнусолӣ Тоҷикистон ҷавонтарин кишвар маҳсуб мегардад. Чун тибқи таҳлилҳо, синну соли миёнаи аҳолии кишвар 24 солро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар аз 1 июли соли 2024 маоши кормандони касбу кори гуногунро баланд бардоштанд, ки самти кор бо ҷавонон ҳам дар ин раванд дохил аст. Пешвои миллат ба мардуми кишвар муроҷиат карда гуфтанд: “Биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил медиҳем, тамоми қаламрави кишварамонро сарсабзу хуррам мегардонем ва соҳиби тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит менамоем”.

Ман ҳамчун Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аз номи тамоми ҷавонони вилояти Хатлон ба ин сухани Пешвои миллат ҳамовоз шуда, ваъда медиҳам, ки ҳамроҳ бо бахшҳои кор бо ҷавонон ва ҷавонони фаъоли вилоят дар сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузорем.


Рамазон НА СРИДДИНЗО ДА,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон
ва варзиши вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода