34 омӯзгор рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 308
Дар соли соли хониши 2022- 2023-юм 34 омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ ҳимоя намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар зиёд мебошад. Дар ин раванд, потенсиали илмии он дар соли таҳсили сипаригардида 34,5%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Маврид ба ёдоварист, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 омӯзгороне, ки тасдиқи рисолаҳои докторию номзадиашонро гирифтаанд, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба маблағи 106 ҳазор сомонӣ ва роҳбарони илмии унвонҷӯён ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Гуфта шуд, ки шумораи хатмкунандагони соли хонниши 2022-2023 ба 3608 нафар расидааст, ки аз ин 358 нафар тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав довталабонро аз рӯи 93 ихтисос ба донишгоҳ қабул мекунад.
Ҳамчунин, дар соли таҳсили сипаригардида 6 нафар рисолаи номзадию доктории худро дар ду Шурои диссертатсионие, ки назди донишгоҳ амал менамоянд ҳимоя намуданд.
“Хатлон "
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...