Дар ДДД 443 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 506
Дастовардхо дар самти таълим таҳия ва дар амал татбиқ шудани 76 адад нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 12 адад аз рӯи зинаи магистратура, 10 адад барои таҳсилоти олии 2-юми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз 1-уми сентябри соли хониши 2023-2024 мавриди амал қарор дода мешаванд, - гуфт Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дар нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 50 моноблок, 3 ноутбук, 3 принтер, 3 проектор, 3 тахтаи электронӣ, 1 сервери замонавӣ харидорӣ шуда, 2 лаборатория барои фанҳои дақиқ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, 11 лабораторияи фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои пешрафту омода намудани мутахассисони замони нав имконият фароҳам меоварад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 4 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсент гардиданд. Дар баробари ин, то охири соли ҷорӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 30 нафар устоди ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд.
- Дар соли хониши 2022-2023 зиёда аз 277 нафар донишҷӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, 1 нафар дар озмуни "Интернет - олимпиадаи байналмилалӣ" аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм ва ду нафар бо гирифтани ифтихорнома даст ёфтанд.
Дар ДДД барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 2 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 1000 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шудааст, ки 10 компютер ба шабакаи интернет васл гардидааст.
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара иброз дошт, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2023 то имрӯз донишгоҳ бо 7 муассисаи олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Термиз ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон, Донишгоҳи давлатии Гродненскийи ба номи Янки Купалаи Белорусия ва 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. “Дар донишгоҳ айни ҳол 462 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия 2 нафар, Ҷумҳурии Туркманистон 16 нафар, Ҷумҳурии Узбекистон 443 нафар, Ҷумҳурии Афғонистон 1 нафар дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Имсол 14 нафар донишҷӯи хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...