МАКТАБУ МАОРИФ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 26 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм, Боздид 2 328
Борҳо аз забони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунидаам, ки ӯ дар сиёсати худ мактабу маорифро дар ҷойи аввал мегузорад. Дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта тавассути телевизион шунидем бори дигар ин гуфтаро тасдиқ намуд. Аз ҷумла Сардори давлат қайд намуд, ки дастгирии мактабу маориф аз тарафи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3020 иншооти мактабӣ сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин даҳҳо гимназияю мактабҳои Президентӣ таъсис ёфта, фарзандони меҳнаткашонро ба таълиму тарбия фаро гирифтанд. Давоми ин муддат шумораи муассисаҳои олии таълимии кишвар аз 13 адади замони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ имрӯз он ба 43 адад расидааст, ки ин аз аҳамияти бояду шояд додани Давлату хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сардори давлат он башорат медиҳад. Ва ин муассисаҳо дар кори тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос, бофарҳангу бомаърифат саҳми муносиб мегузоранд. Имрӯз боз масъалаи хеле муҳим - рушди фанҳои риёзӣ, табиӣ ва илмҳои дақиқ пешорӯи мо қарор дорад. Ва ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2020-2040 солҳои рушди ин фанҳо эълон гардидааст.
Пешвои миллат баробари аҳамияти хоса додан ба рушду такомули забони давлатӣ ҳамчунин ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ аз кулли омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ таъкид ба амал овард. Ва ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар ҳамдастӣ бо вакилони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, шахсони саховатпеша кабинетҳои таълимии фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бо таҷҳизоти навтарини омӯзишӣ амалҳои хайрияро ба анҷом расонанд.
Мо, омӯзгорон аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, қавл медиҳем, ки боз ҳам хубтару беҳтар масъулият ҳис намуда, дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузорем ва ҷавонони шоистаи давру замон, ояндасози ин кишвари аҷдодиро ба камол расонем.
Алишер ИСОЕВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи
ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
-
26-01-2021, 14:00
-
17-01-2021, 09:05