Мубориза бо терроризмро пурзӯр мекунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 000
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва риояи иҷрои қонунгузориҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла дар Паёми навбатӣ омадааст: «Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем. Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд».
Дар ин асос кормандони прокуратураи вилояти Хатлон нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро дастури фаъолияти худ қарор дода, баҳри таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои мукаммал меандешанд.
Роҳбари давлат, ҳамчунин, дар Паёми худ чунин иброз доштанд: «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд».
Кормандони прокуратура дар соли равон кӯшиш хоҳанд кард, ки ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро гирифта, барои таъмини осудаҳолии аҳолӣ чораҳо андешанд.
Ҳамчунин, дар ин росто корҳои фаҳмондадиҳии вобаста ба пешгирии терроризм ва ифротгароӣ пурзӯр карда хоҳанд шуд.М. Нидозода, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм,
экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти
амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 2