ДДБ: 23 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 009
Аз миёни хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар соли 2021-ум 23 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Дар ин хусус, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ зимни баргузории нишасти матбуотии ба намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба сифати таҳсилот иброз дошт, ки “рушди сифати тањсилот ва мусаллаҳ гардидани донишҷӯёну омӯзгорон бо донишҳои замонавӣ раёсати донишгоҳ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад зиёда аз 800 адад компютеру ноутбукҳо, 33 озмоишгоҳҳои таълимӣ, 105 адад тахтаҳои электронӣ, 109 адад проэкторҳо, 70 адад экран дар хизмати донишҷӯёну омӯзгорон қарор доранд”.
Иттилоъ дода шуда, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифт, баъди натиҷабарорї намояндагони ин сохтор сифати донишазхудкунии донишҷӯёнро 86,7% ва сифати тањсилотро 42,2% бањогузорӣ намуданд.
Дар идомаи суханронӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баён дошт, ки таҷрибаомўзии донишҷўён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн бо 130 корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин барои гузаронидани таљрибаи педагогӣ бо зиёда аз 23 муассисаи таълимии шаҳри Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён қарордодҳоро ба имзо расонидааст.
“Қобили зикр аст, ки 503 нафар донишҷўён дар донишгоҳ тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 337 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд”, -афзуд С. Давлатзода.
Дар ин давра 24 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj