Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Маблағ нест, ки ёдгориҳои таърихӣ ҳуҷҷат карда шаванд


Маблағ нест, ки ёдгориҳои таърихӣ ҳуҷҷат карда шаванд



Дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки аз ин танҳо 98-тояш дорои сертификат мебошад. Сабаби надоштани иҷозатномаи истифодаи замин дар 833 ёдгории дигари таърихиро сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода аз набудани маблағ арзёбӣ намуд.

Зимни нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар соли 2021-ум 74 мутахассиси соҳа тарки ҷойи кор намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Тарки касб кардани мутахассисонни касбӣ боиси коҳиш ёфтани фаъолият мондани кор мегардад. Чунки барои тайёр намудани як ҳунарманди касбӣ солҳои зиёде сарф мегардад. Тавре сардори раёсат изҳор дошт, мушкилии дигаре, ки дар соҳаи фарҳанги вилоят ба назар мерасанд, ин набудани мутахассисони соҳавӣ, асбобҳои мусиқӣ, маводҳои таълимӣ, ҷудо нагардидани маблағ дар мактабҳои санъат ва мусиқии бачагона, набудани арғунчаку атраксионҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дар боғҳои фарҳангӣ, ҷудо нагардидани маблағҳо ҷиҳати таъмири муассисаҳои фарҳангӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал мебошад.

Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода