Кластери сайёҳии вилояти Хатлон ташкил шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 867
Тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мутахассисони шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо “Иттифоқи соҳибкорон ва сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кластери соҳаи сайёҳиро бо забони русӣ омода намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин харита маълумоти муфассал оид ба мавзеъҳои таърихию ёдгориҳои ҳудуди вилоят ҷой дода шуда, он роҳнамои хубе барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки танҳо дар соли гузашта 2676 сайёҳи хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию тамошобоби шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дидан кардаанд. Дар ҳудуди вилоят 931 адад ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 115 зиёратгоҳ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”