Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 160 пизишк тарки соҳа кардаанд


160 пизишк тарки соҳа кардаанд



Ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар соли 2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон зиёда аз 160 пизишки маълумоти олидошта корро тарк карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Аммо, масъулини раёсат оид ба сабабҳои тарки соҳа кардани табибон, норасоии кадрӣ ва паёмадҳои “фирори мағзҳо” аз ҳудуди вилоят ба суоли рӯзноманигорон ҷавоби мушаххас надоданд. Ҳамчунин, М. Раҷабзода таъкид намуд, ки давоми соли гузашта 250 табиби ҷавон ба кор ҷалб гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки давоми соли гузашта дар ҳудуди вилоят 18 ҳолати фавти занҳои ҳомила ба қайд гирифта шудааст ва нисбати шахсони масъул чораандешӣ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2021-ум 157 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобативу профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишиву гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 300 ҳазору 100 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.


Фаромӯз БОБОЕВ, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода