Дар Тоҷикистон 62 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 681
Дар рӯзҳои истироҳатии 22-23 январ, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат 62 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба сироят, COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд ва аз ин шумора то 23 январ 16971 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.