“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА” ДАР ОСОРХОНАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДОИР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 103
![]()
18 май ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар назди бинои Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» таҳти унвони “Шабе дар осорхона” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳаи осорхонашиносӣ, аҳли фарҳангу ҳунар ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо баромадкунандагон аз нақши осорхонаҳо дар ҳифзу муаррифии таъриху тамаддуни миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки осорхонаҳо ҳамчун махзани таърих дар шинохти гузаштаи миллат аҳамияти калон доранд.
Қайд гардид, ки Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» моҳи ноябри соли 2011 таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангиву маърифатии вилоят табдил ёфтааст.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолону кормандони соҳаи осорхонашиносӣ барои фаъолияти пурсамар сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид.
Н. Самадзода, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...