Таъсиси 86 корхонаи саноатӣ дар як сол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 447
Соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 86 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ (145 дарсади нақшаи солона) бо фарогирии 1146 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои Шавкат Маҳмадализода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар соли 2021 бунёду навсозии беш аз 60 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар ин давра аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 11 адад, Данғара 9, Фархор 7, Бохтар, Кӯлоб ва Хуросон 5-тоӣ, Норак, Темурмалик, Восеъ, Дӯстӣ 4-ададӣ, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 3-ададӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён 2-ададӣ, Ҷайҳун, Вахш, Муъминобод ва Носири Хусрав 1 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, насоҷҷӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба вилоят 21 корхонаву коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар (корхонаҳои шифербарорӣ, мебелбарорӣ ва сардхона), Кӯлоб (корхонаи азими насоҷҷӣ), Ховалинг (корхонаҳои банду басти асал, парандапарварӣ), Данғара (корхонаҳои равғанбарорӣ, макорбарорӣ ва консерваи меваю сабзавот, ширӣ, қаннодӣ), Муъминобод (корхонаи шароббароии “Тоҷвайн”), Фархор (корхонаи дӯзандагӣ), Восеъ (корхонаи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (корхонаҳои халтаҳои пропиленӣ, нонӣ ва қаннодӣ), Балҷувон (коргоҳи банду басти асал), Темурмалик (корхонаҳои пойафзолбарорӣ, дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ) ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (корхонаҳои докабарорӣ, дӯзандагӣ)-ро ба истифода супурданд.
Тадбирҳои андешида имкон дод, ки соли сипаришуда аз 34 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда 13 корхона фаъолияташонро ба роҳ монданд.
http://khatlon-ruznoma.tj