Қуроқдӯзӣ – Парчадӯзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 036
ҚУРОҚДӮЗӢ - санъате мебошад, ки аз пораҳои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастархон, чодари арӯсӣ (чимилиқ), кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш, чойникпӯш ва ҳоказоро ҳамин тавр медӯзанд.
Санъати қуроқдӯзиро лиёфдӯзӣ, порчадӯзӣ низ меноманд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Қуроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои мардумии тоҷикона буда, таърихи худро дорад.
Дар байни мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст: дӯхти навъи варақӣ, қуроқи чашмӣ, қуроқи қуӣ, қуроқи осиёбӣ, қуроқи ба шакли омезиш.
Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорад. Омӯзиши қуроқдӯзӣ - ба кашфи хоссагиҳои мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи дӯзандагӣ мусоидат мекунад.
Таҳияи С. АЗИЗЗОДА