Хусусиятҳои шифобахшии бобуна
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 733
Бобуна - растании яксолаи маъмулу шифобахш буда, пояи рости сершоха дошта, баландиаш аз 15 то 35 см мерасад. Барги бобуна паршакл буда, гули хурди забонакшакли сафеду зард ва бўйи махсус дорад. Маҳали сабзиши бобуна асосан алафзори паст, канори роҳҳо, кӯҳҳои сералафу дарахтзор ва назди истиқоматгоҳҳо мебошад.
Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, фловоноидҳо, фитостеринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ ва ғайраҳо иборат аст.
Дар асари «Ал-Қонун»-и Абуалӣ Сино омадааст, ки бобуна мағзи сарро қувват мебахшад. Сино гули бобунаро барои табобату муолиҷаи бемориҳои дарди сар, зардпарвин, балғамронию пешобронӣ ва зидди ташаннуҷ (рагкашӣ)-и пилки чашм истифода мебурд.
Муҳаммад Ҳусайн дар китобаш «Махзан-ул-адвия» бобунаро дақиқтар тадқиқ намуда, оид ба ҷиҳатҳои дигари шифобахшии он гуфтааст: «Гули бобуна ба бемориҳои диққи нафас, қафаси сина, ҷигар ва рӯда дармон аст. Бобуна кори гурда ва пешобдонро муътадил намуда, санги мавҷудбударо нобуд мекунад».
Чойи бобунаро барои табобату муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби (газак, варам) пардаи луоби меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадардии меъдаю рӯда, бемориҳои ҷигар, талха, бемориҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва хамчун доруи хобовар, обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор ва амсоли онҳо истифода мебаранд.
Нафароне, ки асабонӣ мешаванд, метавонанд 2 қошуқ решаи сунбул (валериан), 2-3 қошуқ бобуна, 2 қошуқи гиёҳи хоргулак (пустирник) ва 1 қошуқ зираи сиёҳ дар 200 гр оби ҷӯшомада муддати 1 соат дам карда, сипас аз дока гузаронида, дар 1 рӯз 2 маротиба 100 гр субҳ ва 100 гр бегоҳ пеш аз хоб муддати 2-3 рӯз нӯшанд, шифо меёбанд.
Мавҷуда БЕГМАДОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб