Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД




Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» боздид намуда, бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои ниҳолони пахта аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» дар маҷмуъ 5 гектару 80 сотих заминро дар ихтиёр дошта, дар он кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи маълумоти масъулон, айни замон ҳолати нашъунамои ниҳолони пахта хуб арзёбӣ гардида, деҳқонон тамоми тадбирҳои зарурии агротехникиро сари вақт амалӣ намуда истодаанд.

Раиси вилояти Хатлон аз вазъи майдонҳои кишт қаноатманд гардида, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубини босифати зироатҳо, истифодаи дурусти оби полезӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ диққати махсус диҳанд.

Ҳамзамон, масъулони соҳаи кишоварзӣ бо аҳли заҳмати хоҷагӣ мулоқот намуда, ҷиҳати гузаронидани корҳои саривақтии байниқаторӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, ғизодиҳии дуруст ва нигоҳубини босифати ниҳолони пахта тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода