РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 10 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи баамаломада бар асари офати табиӣ ба ноҳияи Панҷ сафар намуда, аз маҳалҳои зарардида боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба як қатор ҳавлиҳои истиқоматии сокинони ноҳия об ворид гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои ҳолатҳои фавқулода, идораҳои соҳавӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастур доданд, ки корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табииро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, барои таъмини амнияти сокинон, барқарор намудани инфрасохтори осебдида ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ идома дошта, вазъият таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...