Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД


РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД




Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” боздид кард.

Нахуст, раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ёдгорҷон” боздид ба амал овард. Майдони умумии ин хоҷагӣ 3,74 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он 3 гектар пахта, 0,5 гектар гандум ва 0,24 гектар картошка кишт шудааст.

Баъдан, Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Регар-Дӯстӣ” боздид намуд. Ин хоҷагӣ дорои 3 гектар замин буда, асосан ба ангурпарварӣ ихтисос ёфтааст. Боғпарварии самаранок ва истифодаи усулҳои нави агротехникӣ яке аз афзалиятҳои кори хоҷагӣ маҳсуб мешавад.
Дар идома, раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “М. Осимӣ” низ дидан кард. Майдони умумии он 16 гектарро ташкил дода, аз он 10 гектар  ангур, 4 гектар  пахта, 1 гектар  тарбуз ва 1 гектар  кишти такрории ҷуворимакка барои дон ҷудо гардидааст.

Дар суҳбат бо кишоварзон раиси вилоят зикр намуд, ки кишоварзӣ соҳаи калидии иқтисодиёти кишвар аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ сохтани бозори дохилӣ бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода шавад.

Раиси вилоят ба масъулон ва кишоварзон ҷиҳати беҳтарсозии усулҳои кишту парвариш, васеъ намудани заминҳои корам ва истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода