ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 115
![]()
Имрӯз, 10 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ омада, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.
Нахуст, раиси вилоят аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Анорбоғи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл” боздид намуд. Дар ин муассиса сохтмони бинои нави иловагӣ бо маблағи 4820,28 сомонӣ, бо дастгирии Бонки Исломии Рушд оғоз гардидааст.
Тибқи лоиҳа, бинои мазкур дорои 10 синфхона, утоқҳои фаннӣ барои дарсҳои физика, химия ва биология, утоқи омӯзгорон, ҳуҷраи директори муассиса, анборхона, утоқи кормандони техникӣ, ҳавзи обгирӣ бо ҳаҷми 96 метри мукааб, трансформатори 160 кВт, майдончаи варзишӣ ва 331 метри панҷараи муҳофизатӣ мебошад. Айни ҳол корҳои берунӣ ва насби тахтасангҳои ороишӣ дар ҳоли анҷомёбӣ мебошанд.
Сипас, раиси вилоят ба деҳаи Тоҷварони Ҷамоати деҳоти “Навзамин” ташриф оварда, аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дидан кард.
Сохтмони бинои иловагӣ бо маблағи 5035,97 ҳазор сомонӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд бунёд шудааст.
Иншооти нав низ дорои 10 синфхона, утоқҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои маъмуриятӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад ва барои фароҳам овардани муҳити омӯзишии мутобиқ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.
![]()
Раиси вилоят зимни боздид таъкид дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мо вазифадорем, ки барои насли нав шароити муосир ва муҳити омӯзишии босифат фароҳам созем.
Дар фарҷом, Раиси вилоят аз масъулин талаб намуд, ки корҳои боқимондаро дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом диҳанд, то иншооти таълимӣ ҳарчи зудтар ба истифода дода шавад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00