Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз 10 июн оғоз мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 59
![]()
Даври дуюм аз 10 июн то 30 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Дар озмун хонандагон, донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъат, коллеҷҳои рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ иштирок карда метавонанд. Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд, ҳукуқи иштирок кардан доранд.
Тибқи талаботи Низономаи озмун, шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, оҳангсозону бастакорон, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, омӯзгорони фанҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳанг иштирок карда наметавонанд. Ҳамчунин як шахс дар ду номинатсия ва ғолибони озмун (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) ҳуқуқи иштирок дар солҳои минбаъдаро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00