Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сарфаи неруи барқ - муҳимтарин омили рушд


Сарфаи неруи барқ - муҳимтарин омили рушд




Давоми  чанд  соли  охир  дар кишвар  истеҳсоли  неруи  барқ  ба маротиб  афзуда,  маҳдудият  дар истифодаи  он  бардошта  шуд.  Ин  вазъ боис  шуд,  ки  аксарият  аз  аъзои  ҷомеа дар  истифодаи  барқ  ба  зиёдаравии  бемаврид даст зананд. Чунончи, истифодаи  нодурусти  асбобҳои  зиёди  гуногуни  барқӣ  дар  манзилҳои  истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид.


Ба  хотири  садди  роҳи  исрофкорӣ  шудан дар  истифодаи  неруи  барқ   ва   пешгирии талафёбии  буҷаи  иқтисодии  хонаводаҳо Ҳукумати  кишвар  тадбирҳои  зарурӣ  андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти неруи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд. Аз асоситарин фоидаҳои ин низом ҳамин аст, ки аъзои ҷомеа дар истифодаи неруи барқ сарфакор шуданд ва ба ин васила миқдори муайяне аз буҷаи иқтисодии оилавиашонро сарфа намуданд. Ва равшан аст, ки ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб дорад.

Орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат аст.

Барои  расидан  ба  ин  ҳадаф  амалҳои Ҳукумати  кишвар  назаррас  ва  қобили таваҷҷуҳи хоса аст. Дар баробари ин иқдомот ва  роҳандозии  босамари  он  ҳар  як  сокини кишвар  бояд  саҳмгузор  бошад   ва   набояд худро канор гирад. Ҳар як аз аъзои ин ҷомеа барои  ноил  шудан  ба  чунин  орзуи  нек  ва мақсади  судманди  худ  ва  давлати  худ  бояд талош намояд. Аз он ҷое, ки Ҳукумати кишвар барои расидан ба ин ҳадаф рушди соҳаи энергетикаро  асоситарин  роҳу  усул  муайян кардаву  қарор  додааст,  пас,  мо  бояд  бо  истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар самти амалӣ шудани ин ҳадаф саҳми худро гузорем.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи  барқӣ  масъулияти  баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар  гардидани  вазъи  таъминоти  неруи барқ мебошад. 

Э. Х. СОДИҚЗОДА, 
ёрдамчии прокурори ҳарбии
гарнизони Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода