БУНЁДИ БЕМОРХОНАИ НАВ БАРОИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабарҳо, Боздид 66
![]()
9 июни соли 2025 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринологияи вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар сохта мешавад, шинос гардид.
Зимни муаррифии лоиҳа ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус бо мақсади беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Бинои нави беморхона, ки дар шафати Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон ҷойгир мешавад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба маблағи 19 миллион сомонӣ сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Тавре зикр гардид, дар маркази маъмурии вилоят бунёди чунин муассисаи тиббӣ зарур аст, зеро аҳолии минтақа ба хизматрасонии муосири тиббӣ ниёз доранд. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар заминаи сохтмони кӯҳна, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, сохта мешавад.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, дар ошёнаи дуюм Маркази бемориҳои дил бо 40 кати хоб барои беморон таъсис дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ пайваста зери назорат қарор дода шавад ва барои сохтмончиён шароити хуби меҳнатӣ муҳайё гардад.
Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид ҷиҳати сабзу хуррамгардонии ҳудуди беморхона таъкид намуда, масъулинро вазифадор кард, ки барои шинонидани гулҳо, гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкан тадбирҳои мушаххас андешанд. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар корҳои ободонӣ ва сарсабзу зебогардонии муҳити атроф фаъолона ширкат варзанд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00