Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДДБ дар даҳгонаи беҳтарин мактабҳои олӣ


ДДБ дар даҳгонаи беҳтарин мактабҳои олӣ



Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи васеи  Шурои  олимони  донишгоҳ  баргузор  гардид,  ки  дар  он  фаъолияти  таълимӣ-методӣ,  илмӣ-таҳқиқотӣ,  тарбиявӣ,  робитаҳои байналмилалӣ  ва  молиявию  хоҷагидории  донишгоҳ  дар  соли  2024 натиҷагирӣ карда шуд.

Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар соли 2024 ба даҳгонаи аввал дохил гардид.

Инчунин, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб  аст»  донишҷӯёни донишгоҳ  бо  гирифтани  3  ҷойи дуюм,  1  ҷойи  сеюм  ва  1  ҷойи ифтихорӣ  байни  муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мақоми сеюмро касб карданд. Дар Озмуни  ҷумҳуриявии  «Илм  -  фурӯғи маърифат» 2 ҷойи ифтихорӣ, дар Озмуни  ҷумҳуриявии  «Муҳаққиқ ва  ихтироъкори  ҷавон»  2  ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ  байни  муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи се-юмро соҳиб шуданд.

Ректори ДДБ ҳамчунин дар бо-раи таъсиси идрорпулии ба номи Носири Хусрав барои 6 донишҷӯи фаъол  иттилоъ  дода  афзуд,  ки дар соли 2025 барои дифои рисолаи докторӣ ба омӯзгорон 20 ҳазор сомонӣ,  барои  дифои  рисолаи номзадӣ  дар  равияи  гуманитарӣ 5  ҳазор  сомонӣ  ва  барои  равияи илмҳои  дақиқ,  табиӣ  ва  риёзӣ  8 ҳазор  сомонӣ  мукофотпулӣ  дода мешавад. Қайд гардид, ки дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Президенти Тоҷикистон, Пешвои мил-лат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2025 музди  маоши  кормандон  аз  ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода