Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШАҲРИТУС: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ СЕХИ ДӮЗАНДАГИИ “МУРОДГУЛ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД


ШАҲРИТУС: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ СЕХИ ДӮЗАНДАГИИ “МУРОДГУЛ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД



Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Носири Хусрави ҷамоати шаҳраки Шаҳритус сехи дӯзандагии “Муродгул”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сехи дузандагӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Достиев Холназар бо маблағи 1000000 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 40 нафар духтарони маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.


Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 29,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз он 4247 ададаш доимӣ, 14,1 ҳазор мавсимӣ ва 10,9 ҳазор муваққатиро ташкил медиҳанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат иқдоми соҳибкорро тавсиф намуда, онро намунаи олии ватандӯстӣ номиданд. Ба масъулон оид ба боз ҳам афзун намудани истеҳсолот, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода