ХАТЛОН. Нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 107
Субҳи имрӯз, дар шаҳри Бохтар чорабинии сиёсӣ-фарҳангии “Рӯзи даъватшаванда” дар фазои сулҳу оромӣ оғоз гардид, ки наваскарон шиору парчам дар даст, то майдони ҷашнгоҳ роҳпаймоӣ намуданд. Дар воқеъ шароити арзанда, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ далели он аст, ки имрӯз ҷавонони худогоҳу хештаншинос ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, қарзи хешро баҳри ҳимоияи марзи давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ софдилона адо намуда истодаанд.
Тибқи иттилоъ дар вилояти Хатлон беш аз 200 ҳазор ҷавони синнӣ даъватӣ ҳаст, ки бо истифода аз ин нерӯи тавоно вилоят нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал 100 фисат иҷро намуд, ки ин аз дарки баланди ватандорӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб замини ин давлат гувоҳӣ медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ навдаъватшудагонро барои ихтиёран ба сафи артиш пайвастан ва иҷрои рисолати мардонагӣ табрик намуд. Илова кард, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст намуданд ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Ба ҳамаи сохторҳои марбутае, ки дар иҷроиши нақшати тирамоҳӣ саҳмгузорӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зикр дошт, ки Артиши миллӣ дар қатори рукнҳои муҳими давлатдорӣ мақоми намоёнро соҳиб гашта, нақши он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиаи сарҳади давлатӣ ва амнияту пойдории ҷомеа хеле баланд арзёбӣ мегардад.
Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Бузургии давлат аз бузургии қувваи артиш, неруи тавонои артиш аз ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсташ робитаи қавӣ дорад. Вобаста ба ин, хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббати ватандорӣ маҳсуб меёбад, - таъкид дошт раиси вилоят зимни ҷамъомад.
Бояд гуфт, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу ватани худ ҳамеша содиқанд.
Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай намуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ ва иқтидори мудофиавӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст. Дар ин солҳо дар гарнизони Хатлон даҳҳо биноҳои маъмурии қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бо сифати баланд ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мутобиқ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шудааст. Дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.
Дар идомаи чорабини бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чанде аз сарбозону навдаъватшудагон ва модарони онҳо баромад намуданд, зикр доштанд, ки ҷавонони худогоҳ бо дарки баланди масъулият ихтиёран ба сафи артиш пайваста истодаанд. Баҳри ин табақаи ҷомеа тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст ва дар оянда низ идома хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.
Дар анҷом барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят, ки иборат аз таронаву сурудҳои ватандорию хештаншиносӣ буд, барои болидаруҳии иштирокдорон пешниҳод гардонида шуд.
А. Риоев, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...