ХУРОСОН: ИФТИТОҲИ ДУ БУНГОҲҲОИ ТИББӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 378
Рӯзи 2 сентябр, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, вазири адлия - Музаффар Ашуриён, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду деҳа: Файзалӣ Ғаниеви ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ва Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бунгоҳҳои саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бунгоҳи саломатии дар деҳаи ба номи Файзалӣ Ғаниеви ҷамоати деҳоти Қизилқалъа иборат аз 5 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи қабул, ҳуҷраи беморон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраи мудири бунгоҳ мебошад. Ин бунгоҳ барои 1714 аҳолии деҳаи номбурда хизмат хоҳад кард. Ҳамчунин ҳуҷраҳо бо таҳҷизоти зарурии ташхисӣ таъмин шудааст.
Ҳамчунин як бунгоҳи саломатии барҳаво дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Деҳаи номбурда, ки аз ҳисоби муҳоҷирони дохилию экологӣ таъсис ёфтааст, солҳои зиёд барои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба деҳаҳои ҳамсоя ё ба маркази ноҳия мерафтанд. Ин бунгоҳи саломатӣ дуошёна буда, аз 4 чор ҳуҷра иборат мебошад. Барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба сокинони деҳаи бо ҳама таҳҷизотҳои зарурии замонавӣ таҳҷизонида шудааст.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шиносоӣ аз ҳуҷраҳои бунгоҳ изҳор доштанд, ки ин гувоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандон мебошад.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00