Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо назаррас аст


Саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо назаррас аст




Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025 аз 123 лоиҳа иборат буда, маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 275 миллиону 285 ҳазор сомониро дар бар мегирад.  То ба имрӯз 17 лоиҳа амалӣ гардида, дар 32 лоиҳа корҳо идома доранд. Таъкид дошт раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода зимни нишасти хабарӣ.

Дар ин давра аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар маҷмуъ 326 ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмиру тармими роҳҳо масраф намудааст. Инчунин барои таъмини ҳаракати нақлиёт дар фасли сармо 319 метри мукааб масолеҳи зидди лағжиш истифода намуда, 40 аломати бехатарии роҳҳо дар нуқтаҳои лозима насб карда шудаанд. Дар ҳамин давра аз ҷониби муассиса 18 км роҳҳои автомобилгарди Муъминобод Ғеш-Чилдухтарон, Муъминобод Тутқавул-Хоҷаи Нур ва Чашмасор-Лангар таъмири чорӣ гардида, 330 бех ниҳолҳои сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда дар шафати роҳҳои автомобилгарди Муъминобод-Кӯлоб ва Муъминобод-Тутқавул-Хоҷаинур шинонида шуд,- зикр намуд раиси ноҳия.

Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорон Миралиевҳо як купрук дар маркази ноҳия дар болои сойи Хоҷаҳақиқ ба дарозии 20 метр ва паҳноии 8 метр ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз тарафи сокинони деҳаҳои Ғеш, Деҳлоло ва Хосабони Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров ба тариқи ҳашар 5,4 км роҳҳои автомобилгард ба маблағи 174 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шуданд.

Алишери А. "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода