Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАНҶ: 54 млн сомонӣ аз фоида аз маҳсулоти саноатӣ


ПАНҶ: 54 млн сомонӣ аз фоида аз маҳсулоти саноатӣ




Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 54 миллиону 566,2 ҳазор сомонӣ ё худ 105, 7% расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2 миллиону 960,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин хусус ба рӯзномаи "Хатлон" аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ хабар доданд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра истеҳсоли гуш  531 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 1955 тонна, маҳсулоти ширӣ 70 тонна, маҳсулоти консервагӣ 166,1 , 25 929 адад либоси мактабӣ ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Бояд зикр дошт, ки то давраи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 13 адад корхонаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар давраи аввали соли 2024 як адади он сохта шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода