Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти оини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, самимона таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осударо орзумандам.
Бо шукргузорӣ аз фазои тинҷию оромӣ, истиқлолу озодӣ ва осоишу суботи кишвар, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мардуми сарбаланди кишвари азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, Иди саиди Фитр ва дигар ҷашну маросими миллиамонро таҷлил менамоем.
Қобили зикр аст, ки моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитр бо фазилатҳои хеш инсонро ба роҳи рост, парҳезгориву хайру савоб, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки донишмандон бо такя ба ин амалҳои нек даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботаҳаммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд. Барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон рамазон фурсати бузургест, ки савоби амалҳо дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мегардад.
Зеро ҳар нафаре, ки дар ин моҳи муборак дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз тавофи хонаи Каъба камтар нахоҳад буд. Ба андешаи Пешвои миллат: «Рамазон моҳи хайру сахо, сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсонҳо устувориву пойдорӣ ва парҳезгорию қаноатро меомӯзад, имонашонро комил ва иродаашонро қавӣ мегардонад».
Зикр кардан бамаврид аст, ки шахсони ҳимматбаланд ва соҳибкорони ташаббускор вилоят имсол низ ба шахсони яккаву танҳо ва ниёзмандону маъюбон мувофиқи тавону имконият кумак намуда, анъанаи насли калонсолро идома доданд.
Бо қаноатмандӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ дорам, ки сафи чунин ашхоси савобҷӯю саховатпеша афзун мешавад.
Ҳамзамон, итминон дорам, ки тамоми сокинони андешаманди вилоят фитри рӯзаро ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону барҷомондагон дода, ба шарофати ин амали неки худ соҳиби раҳмату савоби зиёд мегарданд. Зимнан, ҳама гуна хайру меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар арафа ва рӯзи ид чашми умед ба сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар фарди инсондӯст аст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат агар мардуми тавонои як деҳа ё маҳалла дасти як оилаи нотавону муҳтоҷро гирад, дар ҷомеа фазои меҳрубониву самимият боз ҳам густариш меёбад. Аз тарафи дигар, мо бо ин рафтори худ ба фарзандонамон боз як сабақи одамгариву инсондӯстӣ медиҳем.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз ҷаҳони муосир дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашаванда қарор дорад. Мову шумо, аз ҷумла падару модаронро зарур аст, ки бо дарки вазъи баамаломада ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангу ахлоқи ҳамида, таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи таҳаммулгароиву ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳоро ҳамчун масъалаи меҳварӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода, ба ташаккули тафаккури зеҳнию маънавӣ, худшиносии миллӣ ва боло рафтани маърифати ҳуқуқии онҳо таъсири мусбат гузорем. Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллию давлатиро аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва сӯйистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.
Вобаста ба ин, ҳар фарди ин сарзамин бояд таъриху забон ва фарҳангу тамаддуни ғании миллатамонро ҳифз намуда, аз ғановати аслию маънавии он ифтихор дошта бошад. Зеро аҷдодони мо барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд.
Бинобар ин, боварӣ дорам, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, сокинони шарафманди вилояти Хатлон, махсусан модарону бонувон, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”- ро риоя намуда, дар таҷлили ҷашну маросими миллӣ ва суннатӣ ба таассубу хурофот, аз ҷумла зоҳирпарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надода, фарҳанги маънавиро риоя менамоянд.
Бори дигар, мардуми сарбаланди вилоятро бо фаро расидани Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодатмандӣ, файзу баракат ва ба кишвари азизамон шукуфоиву суботи ҷовидониро орзумандам.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Вилояти Хатлон расман 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳаёти ҷомеаро бе интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Фейсбук, Тик-Ток,...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.