Соли 2024 се форуми сармоягузорӣ доир мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Эълонҳо / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 2 825
Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Ф. Расулзода иттилоъ дод, ки дар соли 2024 дар вилояти Хатлон баргузории се форуми сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.
-Аз ҷумла, дар семоҳи дуюм баргузории форуми иқтисодии «Бохтарфуд» дар шаҳри Бохтар, дар нимсолаи дуюм форуми иқтисодии байналмилалии «Хатлонинвест» дар ноҳияи Данғара ва аввалҳои моҳи март форуми сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар чорабиниҳои мазкур шарикони рушд, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, сармоягузорони дохилию хориҷӣ ширкат варзанд, - афзуд дар идома Ф. Расулзода.
Тибқи иттилоъ, шумораи аъзои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон 252 нафар буда, Палата дар доираи имкониятҳои мавҷуда аъзои худро барои таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои хориҷа равон намудааст.
-Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳон вилояти Хатлон бештар бо лимӯ шинохта мешавад. Метавон гуфт, ки лимӯ имрӯз бренди Хатлон шудааст, -таъкид дошт директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00