Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД



5 сентябри соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон (FAO) Олег Кучгелдиев доир гардид.


Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, дастрасии технологияи нав, таъмини тухмиҳои хушсифат ва ҳосилдиҳанда, ҷалби воситаҳои грантӣ барои рушди соҳибкории занон мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.


Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри рушди ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тамоми шароиту имконияти мавҷуда мувофиқи матлаб истифода намуда истодааст. Бо ташкилоту муассиса ва созмонҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дорад, корбариро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, баҳри расидан ба ҳадафҳои гузошташуда тадбирандешӣ мешавад. Аз ҷумла, бо созмони мазкур дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст.


Мавриди қайд аст, ки FAO дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо саҳми арзанда гузошта истодааст. Дар ин росто лоиҳаҳои созмони номбурда дар ҳудуди вилояти Хатлон амалӣ гардида, дар такмили касбияти мутахассисон, кишту ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши сабзавоти хушсифат, мувофиқи матлаб таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои солиму бехатар мусоидат мекунанд.

Дар қисмати охири мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бештар дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушд хоҳад ёфт.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода