Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Барномаи вилоятии тарбияи ватандӯстӣ ба тасвиб расид


Барномаи вилоятии тарбияи ватандӯстӣ ба тасвиб расид


 
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи қабули Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027 ва нақшаи амалигардонии он қарор ба тасвиб расонид.
 
Барномаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таҳия гардида, ҳамоҳангсози татбиқи он Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят муқаррар шудааст.
 
Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, айни ҳол шумораи умумии ҷавонон дар вилоят 1 миллиону 10 ҳазору 984 нафар ҳисоб шудааст, ки 40 фоизи онҳо аз 14 то 30-сола мебошанд. Нишондиҳандаи мазкур амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳнию ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа ва боло бурдани ҳисси ифтихори ватандории онҳо тақозо мекунад.
 
Тибқи нақшаи амали Барнома, ки аз 37 банд иборат аст, то соли 2025 дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баргузории силсилаи семинармашваратҳо, конфронсу ҳамоишҳо, хонишҳои сиёсӣ, шомҳои адабӣ, маҳфилҳо, суҳбату вохӯриҳо, намоиши филмҳо, чопи маводҳои таблиғотию дастурдиҳӣ, китобҳои шоирону нависандагони ҷавон, чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, илмӣ, озмуну сабқатҳои эҷодӣ, зеҳнӣ ва варзишӣ пешбинӣ шудааст.
 
Барои татбиқи Барнома 10 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки 9 миллион сомонии он маблағҳои буҷетӣ хоҳанд буд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода