Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми бунёди 200 иншоот дар Муъминобод


Азми бунёди 200 иншоот дар Муъминобод



 
Ба истиқболи сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Зафар Мирализода, аз ин шумора 30 иншоот соли 2022 бо фарогирии беш аз 210 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд. “Сохтмони бинои муосири бойгонии байниидоравӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Хуҷаи Нур» идома дорад. Мутобиқи лоиҳа, он аз ду ошёна ва 12 ҳуҷраи мутобиқ ба талаботи сохтори соҳа иборат буда, то 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад”, - афзуд З. Мирализода.
 
Ҳамин гуна, аз шумораи иншооти сохташаванда дар марказ ва ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Муъминобод аз ибтидои соли ҷорӣ то имрӯз 18 адади он ба истифода дода шудааст.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода