Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» анҷом ёфт


Даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» анҷом ёфт



Беш аз 115 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
 
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП – 329 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардидани даври вилоятии озмуни мазкур қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 феврали соли 2023, №48 ба тасвиб расидааст. 
 
Бо мақсади пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба маҳорати баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари Ватан, Истиқлол, Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар даври вилоятии озмун аз 14 август то 21 августи соли ҷорӣ ҷараён гирифт.
 
Натиҷаи ҷамъбастии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар вилояти Хатлон нишон дод, ки дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ 22 нафар, эстрадӣ 16 нафар, академӣ 3 нафар, дар номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ 11 нафар, эстрадӣ 10 нафар, академӣ 10 нафар, дар номинатсияи композиторӣ, жанри анъанавӣ 1 нафар, эстрадӣ 1 нафар, академӣ 1 нафар, дар номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика ва миниатюра) 10 нафар, жанри ороиши амалӣ 10 нафар, дар номинатсияи дизайнерӣ, жанри графика, реклама, дохили бино 10 нафар ва жанри дизайни мӯд (бофандаги бадеӣ) 10 нафар ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, ҷамъи умумии иштирокчиёни даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 706 нафарро ташкил дода, бо дарназардошти ду номинатсияи дигар илова гардидан, шумораи иштирокчиёни ғолиб ба 115 нафар расид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 35 нафар зиёд мебошад.
 
Мавриди қайд аст, ки тибқи Низомномаи озмун даври вилоятӣ дар маркази вилоят бо иштироки аъзои ҳакамони ҷумҳуриявӣ ба таври шаффоф доир гардида, беҳтарин чеҳраҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
 
- Тибқи таҳлилҳо, дар давоми чор соли баргузории ин озмун натиҷаҳо назаррас ва теъдоди иштирокчиёну ихлосмандони савту наво, ки бештар жанрҳои санъати миллиро дар бар мегирад, афзоиш ёфт, - қайд кард Хуршед Мирзозода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят. - Воқеан ҳам ин озмун нишон дод, ки падидаҳои нав аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, бо интихоби мавзуъҳои тараннумкунандаи хизматҳои мондагори Пешвои миллат, Ватан, модар, дӯстию рафоқат, Истиқлолияту ваҳдат дар пешрафти ҷомеа саҳмгузорӣ менамоянд.
 
Агар дар соли 2019 теъдоди иштирокчиёни даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 500 нафарро ташкил дода бошад, дар соли 2023 ин шумора ба 1021 нафар расидааст.
 
Қобили зикр аст, ки имсол тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, барои ташкил, баргузорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 349 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шуда, ғолибони ҷойи якум бо шаҳодатнома ва 3500 сомонӣ, ҷойи дуюм бо шаҳодатнома ва 2500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо шаҳодатнома ва 1500 сомонӣ мукофотонида мешаванд.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода