Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Беш аз 100 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт


Беш аз 100 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт



Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз санаи 14 то 26-уми августи соли равон идома ёфт.
 
- Дар даври вилоятии озмун аз 25 шаҳру ноҳия 1170 нафар довталаб ширкат карда, маҳораташонро нишон доданд. Аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун беш аз 100 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст оварданд, - гуфт муовини директори Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамов.
 
Ба хотири аз байн бурдани мушкилоти роҳ ба довталабон аз ноҳияҳои дурдаст даври вилоятии озмуни мазкур дар ду минтақа гузаронида шуд. Бахусус, қисми аввали озмун дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва қисми дигараш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
 
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидааст. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханварию сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳоаспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
 
Роҷеъ ба иштироки довталабони имсола узви ҳайати ҳакамон Озар Салимиён изҳор намуд, ки омодагӣ, донишу фаҳмиш ва фаъолнокии довталабон нисбатан беҳтар мебошад. Маълум аст, ки барои иштирок дар озмуни номбурда омодагии ҷиддӣ дидаанд.
 
Баъзе аз довталабон аз солҳои гузашта таҷриба доранд. Аз ин лиҳоз, кор бо чунин довталабон осонтар мебошад. Агарчӣ соли гузашта Шоҳҷоизаи озмун насиби довталаб аз вилояти Хатлон гардид, вале имсол низ чанд нафар бо боварии комил талош карда истодаанд, ки ғолибият насибашон гардад. 
 
Ҳоло ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ дида истодаанд.
С. АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода