Вохӯрии раиси вилоят бо соҳибкорони тоҷики муқими шаҳри Алмаато
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 337
Ҳошияи баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони ҷамъиятҳо ва фаъолони диаспораи тоҷикон, инчунин соҳибкорони тоҷике, ки дар шаҳри Алмаато кору фаъолият доранд, мулоқот намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз шароиту имконоти мусоиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон дар самти қонунгузорӣ, имтиёзҳои давлатӣ ва андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ, пешбинӣ гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳан ва кифоя будани қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ибрози андеша намуд. Ҳамчунин аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорони тоҷик даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин вилояти Хатлон ҳиссагузор бошанд.
Ба рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон се ҷамъияти тоҷикон ва даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар самту соҳаҳои гуногун, махсусан, соҳибкорӣ кору фаъолият дошта, пайваста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафту омад ва робитаи зичи ҳамкорӣ дошта, дар муаррифии таъриху тамаддун, урфу одат ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давлат ҳиссагузорӣ менамоянд.
Соҳибкори тоҷики муқими Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихор аз миллати тоҷик буданашон, иброз доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди ҳар як тоҷики рӯйи замин ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти он таҳти сиёсати бо муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рӯҳбаландию ифтихормандии ҳар як тоҷик гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи нек миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷонибдориву ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 12 муассисаи таълимӣ бо забони тоҷикӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои тоҷиктабори муқими Ҷумҳурии Қазоқистон ба таълиму тарбия фаро гирифташуда, аз таъриху тамаддун, забону адабиёт дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ ва огоҳиву муаррифии дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мусоидат карда истодааст.
"Хатлон"
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...