Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 393
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ ва ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуданд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил бори дигар таъкид карда шуд.
Зимнан тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин рӯ омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат барои таълим ва тарбияи дурусти насли ҷавону наврас тадбирҳои зарурӣ андешанд .
Инчунин масъулин ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2023-2024 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...