Раиси вилоят бо Имей Сейдзу мулоқот кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 417
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Имей Сейдзуро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба андешаҳои судманд баён доштанд. Дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаи иқтисодӣ - иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ гардидаанд ва ин амао ҳоло ҳам идома дорад. Агентии мазкур шарики боэътимод оид ба рушд маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тақрибан ҳамаи лоиҳаҳои он дар вилояти Хатлон татбиқ гаридааст.
Ҷаноби Имей Сейдзу дар навабти худ ҷиҳати истиқболи самимӣ ва андешаҳои саривақтӣ изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки амалигардии лоиҳаҳои бештар дар вилояти Хатлон маънои онро дорад, ки вобаста ба фарогири мардум бояд таваҷҷӯҳ кунем ва баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят талош намоем.
- Мо аз рӯи се самти афзлиятнок - рушди деҳот, иқтисодӣ беҳбудии соҳаҳои иҷтимоӣ ва саноат дар Тоҷикистон фаъолият дорем. То имрӯз тамоми лоиҳаҳое, ки дар вилояти Хатлон татбиқ гардиданд, муваффақона ба анҷом расонида шудаанд, - таъкид дошт Ҷаноби Имей Сейдзу. - Ҳоло дар доираи амалигардии лоиҳаи “Шип” кӯшиш дорем. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баҳри беҳтар намудани афзоиш ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ равона шудааст. Дар оняда тасмим гирифтаем, ки барои аз лабараторияҳои махсус гузаронидани маҳсулоти кишоварзӣ ва сипас содироти он ба хориҷи кишвар кор карда истодаем. Зеро дар вилояти Хатлон низ таваҷҷӯҳ намудан ба ин самт саривақтист.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” аз ҷониби Агентии мазкур татбиқ гардида, аллакай барои таъмини сокинон ба об корҳо оғоз ёфтаанд. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати роҳҳои автомобилгарди вилоят Агентии мазкур тасмим гирифтааст, ки дар бунёди роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта низ кумак намояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариш доданиробитаҳои манфиатовар ва татбиқи лоиҳоҳои қайдгардида баён намуданд.
Фаромӯз Бобоев, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00