Ҷинояткорӣ кам шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 420
Дар шаш моҳи соли 2023 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 106,3 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 34,1 миллион сомонӣ интиқол гардидааст, ки қабули барқ нисбати ҳамин давраи соли 2022- юм 5,4 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Дар ин бора Файзулло Баротзода, раиси шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии хеш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Маблағи пардохтшуда 29,2 миллион сомонӣ ё худ 85,6 фоизи маблағи умумии барқи истифодашударо дар бар мегирад. Аз ҷумла, аз аҳолӣ 16,0 миллион сомонӣ ё худ 89,5 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин, талафоти барқ 25,0 фоиз (35,7 миллион кВт/соат)-ро дар бар мегирад.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки баҳри таъмини тозагии шаҳр дар ин давра аз ҷониби Корхонаи хоҷагии коммуналӣ 47,2 ҳазор метри мукааб партов бароварда шудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ бошад, дар кӯчаю хиёбонҳо, майдону боғҳо, гулгашту назди хонаҳои сокинони шаҳр зиёда аз 23272 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз ва беш аз 1,4 миллион гулу буттаҳо, аз ҷумла лола 500 ҳазор бех, садбарг 191,4 ҳазор бех ва гулҳои мавсимӣ 626,5 ҳазор бех шинонда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар давраи ҳисоботӣ 284 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110-то кам мебошад.
Баҳри ноил гардидан ба ҳадафи чоруми мамлакат-саноатикунонии босуръат ва дар доираи “Солҳои рушди саноат” дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони 4 адади онҳо дар соли 2023 пешбинӣ гардида, то имрӯз 2 коргоҳ - ҶДММ “Холназар” (оид ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ) ва ҶДММ “Тоҷиддин” (оид ба истеҳсоли хишти сементӣ) бо таъсиси 35 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.
Нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 123,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 6,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...