Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 369
Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, собиқадорони варзиш ва варзишгарони вилоят чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзишро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳои онҳо ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард: “Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳод ва ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2011 инҷониб 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва он ҳамчун санаи ҷашнӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сабт гардидааст. Мусаллам аст, ки шахсони солиму тавоно аз лиҳози ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, шуҷоатманду ватандӯст ва соҳиби ахлоқи неку барои ҳар як давлат хеле аҳмиятнок ба шумор меравад”.
- Соҳаи варзиш имрӯз ҳамчун омили таҳкимбахши дӯстию рафоқат, тарзи ҳаёти солим ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ дошта, баҳреро монанд месозад, ки ҳамчун омили рушди солимии инсон доимо мавҷ мезанад, - таъкид намуд Ф. Шарифӣ. - Зимнан, варзишгарони тоҷик ҳамчун ҳомиёни ояндаи миллат таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Роҳбарияти Олии кишвар қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад”.
Муовини раиси вилоят гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст. Дар ҳудуди вилоят бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4096 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 35 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Тибқи таҳлилҳо дар давоми панҷ соли охир дар вилоят беш аз 560 иншооти соҳаи варзиш бо тамоми шароити муносиб мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон Ф. Шарифӣ аз хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки моро водор месозад, барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари сокинони вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар 17 мусобиқаи байналмилалӣ ва 90 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 361 медали тилло, 391 медали нуқра, 475 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1227 медал аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 медал зиёд мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон аз рӯйи намуди футбол байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо Диплом, Ҷом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин мусобиқа ҷойҳои сеюм насиби дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм насиби дастаи Раёсати Агентии назорати давалатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва ҷойи якум насиби дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гардид.
Ҳамчунин, як зумра собиқадорон, мураббиён ва ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Ф. ДАВЛАТ,
Ҷ. ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...