Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аёдат ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ҳалокшудагон


Аёдат ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ҳалокшудагон



Бояд ёдовар шуд, ки шоми 6 август, тахминан соати 19:30, дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ шуд, ки дар натиҷа хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард.

Мошини боркаши тамғаи Дулан дорои ядак (прицеп) рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, даҳҳо нақлиётро бо мусофиронаш зер карда, хонаеро чаппа гардонидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон , раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб  ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддиву молиявӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешиданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода