Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ


ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ


23-юми январи соли 2021 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ- фарҳангӣ ба муносибати ҷашни миллии Сада таҷлил гардид. 

Қисми аввали чорабинӣ дар майдони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар доир гардид. Ба ин муносибат аз саҳари барвақт майдонро техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ, дастовардҳои меҳнатии меҳнаткашони шаҳру навоҳии вилоят, корхонаву ташкилот, идораву хоҷагиҳоро медоданд.  Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, фавҷи мардум аз саҳарии барвақт ба идгоҳ омада, аз маҳорати дастони пурэъҷози ҳунарманодон дидан намуданд. Дар  гӯшаи дигари майдон яке аз оин ва бозгӯйкунандаи ҷашни Сада-оташ аланга мезад, ки атрофи он санъаткорон ҳунарнамоӣ мекарданд, мардум бо орзуву умеди нек аз гармии оташ баҳра мебурданд.

Ҳайати меҳмонон-намоян-дагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Қурбон Ҳакимзода аз чорабинӣ дидан намуда, ба омодагии комили меҳнаткашони вилоят ба ҷашни ниёгон баҳои баланд доданд.

Сипас дар толори театр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал раиси вилоят баромад карда, аз хизматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳё намудани ҷашни сегонаи миллӣ-Наврӯзу Меҳргон ва Сада ёдовар шуд ва тамоми сокинони вилоят ва аҳли толорро бо ҷашни хуҷаста самимона муборакбод намуд. 

-Дар чунин рӯзи фараҳбахшу хуҷаста ба забон овардани дастовардҳои шоёни  меҳнаткашони вилоят, бахусус, кишоварзон дар соли 2020 боиси болидарӯҳӣ мебошад, - изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Кишоварзони вилоят соли 2020 тамоми захираву имкониятҳоро истифода бурда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба муваффақият комёб гардиданд. Соли гузашта кишоварзон дар  майдони 426,3 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 130,6 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида, дурнамои пешбинишударо барзиёд таъмин намуданд.

Бо истифода аз тухмҳои хушсифат, риояи омилҳои фаровонҳосилӣ, истифодаи техникаи муосир ва дигар коркардҳои дурусти техникии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар вилоят 985,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 277,2 ҳазор тонна пахта, як миллиону 471 ҳазор тонна сабзавот, 193,3 ҳазор тонна картошка, 589,1 ҳазор тонна полезӣ, 209,1 ҳазор тонна мавагиҳо, 107,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд. Ба истиснои истеҳсоли картошка, истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, нисбати соли 2019-ум 1,3 то 20,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар натиҷа, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 16 миллиарду 985 милион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он 9,5 фоизро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки саҳми кишоварзони вилоят дар парвариши зироатҳои кишоварзии мамлакат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Аз рӯи дурнамо 48,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80 фоизи полезӣ, 64 фоизи ғалладонагиҳо, 60 фоизи пахта, 57 фоизи сабзавот, 65 фоизи пашм, 57 фоизи гӯшт, 50 фоизи шир, 43 фоизи меваю ангурро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд.

-Дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ зиёд гардида, аз ҳудуди вилоят 108,0 ҳазор тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содирот карда шуд, ки 120,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, -гуфт дар идомаи суханрониаш раиси вилоят.

Дар ҳамин лаҳзаҳои хотирмон ва хурсандибахши ҷамъомади идона ба 55 нафар беҳтаринҳои соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ва мутахассисони фаъоли соҳа Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз рӯи дастовардҳои меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо дар ҷамъбасти соли 2020 ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён ва  Ҷайҳун  ғолиб дониста шуданд. Ҷойи аввал ба ноҳияи Данғара бо гирифтани Ҷом, вимпел ва 20000 сомонӣ, ҷойи дуюм ба ноҳияи Кӯшониён бо гирифтани вимпел ва 15000 сомонӣ, ҷойи сею ба ноҳияи Ҷайҳун бо гирифтани вимпел ва 10000 сомонӣ насиб гардид.  

Ҷамъомади идона бо барномаи калони консертии санъаткорони шинохтаи вилоят анҷом пазируфт, ки он дар хотири ҷамъомадагон то дер боқи хоҳад монд.

Вахшона, И. Ҳасанов, 

Ф. Умаров,  «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода