Таҷрибаи хуб боиси омӯзиш аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 676
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз он 2-3 ҳосил бардоштан талаботи замон аст. Боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум моро водор мекунад, ягон ваҷаб заминро бекор нагузорем. Мутаассифона, шаҳри Кӯлоб байни хонаҳои баландошёна, гирду атрофи мактабҳо, боғчаҳои бачагона ва ғайра қитъаҳои замин ба алафзору хокзор табдил ёфтааст. Агар ин қитъаҳо кишт карда мешуданду аз онҳо ҳосили хуби картошка, помидор сабзавот ва гандуму ҷав мерӯёниданд, маводи ғизоӣ дар бозорҳо ба танзим даромада, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мебуд. Ҳол он ки аксарияти ин заминҳо обӣ мебошанд ва дар як сол аз онҳо 2-3 ҳосил гирифтан мумкин аст. Чунин таҷриба дар мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб ва чанд дабистони дигар ба роҳ монда шудааст.
Масалан, парвариши картошка ва гандум дар ин қитъаҳо ҳар як бинандаро ба ҳайрат меоварад. Дар байни гулу гулзор, дарахтони ҳосилдиҳанда картошкаи тирамоҳиашон аллакай ҳосил додааст ва баъзе қитаъҳоро чида, такроран картошка шинондаанд. Кадуҳои дар байни дарахтзор сабзонидаашон низ ҳосили хуб доданд.
Таҷрибаи ин таълимгоҳ сазовори дастгирӣ мебошад. Хуб мешуд, ки он дар ҳамаи мактабҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда мешуд.
Ғайбулло Ҳалимов ,
ш. Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00