Намояндагони Хатлон ба намоишгоҳи "Экспо-2023" даъват шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 819
Имрӯз, 13 сентябр, дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия, вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раиси ноҳияи Оникишубат ҷаноби Ханефи Маҳчичек сурат гирифт.
Дар ин мулоқот сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашраф Гулов, раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Балҷувон, инчунин масъулони Раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Оникишубат Ханефи Маҳчичек бо таъкид ба кишвари дӯсту бародар будани Тоҷикистон қайд намуд, ки шарикии мутақобилан судманд ва фаъолияти муштараки Туркия ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои мо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд ёфта истодааст.
Ҷаноби Ханефи Маҳчичек аз ҷониби вилояти Хатлон даъват кард, ки дар намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии "Экспо-2023", ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараш баргузор мешавад, иштирок намоянд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш дорад ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо манотиқи Туркия таҳким бахшад.
- Бо ин мақсад барои шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ба ҷумҳурии Туркия ташриф овардем, - иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.
Дар мулоқот зикр шуд, ки то имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд.
Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байни минтақаҳои ду кишвар имрӯз миёни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ноҳияи Оникишубати Қаҳрамонмараш ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Носирҷон Маъмурзода
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00