Фарҳанг - ҷавҳари асосии миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 915
Дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар самтҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соҳаи фарҳанг низ дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Дар соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон соли равон як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, шароити кории фарҳангчиёни вилоят беҳтар гардид. Дар ин муддат дар якчанд шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои фарҳангӣ сохтаву азнавсозӣ гардидаанд.
Бахшида ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ 1 китобхона дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти “Худоёр Раҷабов”-и ноҳияи Восеъ ба маблағи 35 000 сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба китоб китобхонаи деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти “Бобоюнус”, ки дар хонаи шахсӣ фаъолият менамуд, бо дастгирии мардуми деҳа бинои китобхона бо ду ҳуҷраи китобдорӣ бо маблағи 15000 сомонӣ аз нав сохта шуд. Инчунин, дар ин муддат 150 адад сару либоси саҳнавӣ ба бахши фарҳанги ноҳия ворид карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи хуб гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таблак, дуторбад, доира, соз, рубоби қашқарӣ, думраи пардагӣ ва рафҳои либосмонӣ, харидорӣ гардида ба бахши фарҳанг ворид карда шуд. Инчунин, дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти “Даштигуло” китобхона азнавсозӣ гардид.
Дар ноҳияи Ҷайҳун бошад, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Яккадин”, деҳаи Телмани Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”, ки хонаҳои фарҳангӣ таъмирталаб буданд, таъмир карда шуд. Ҳамчунин, қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии “Шифо” аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар ноҳияи Ёвон собиқ бинои “Амонатбонк” бо қарори раиси ноҳия барои минбаъд таъсис додани осорхонаи ноҳиявӣ ба ихтиёри бахши фарҳанги ноҳия гузаронида шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии раиси ноҳия ба мактаби санъати бачагонаи ноҳия асбобҳои мусиқӣ, аз он ҷумла, пианинои барқӣ, най ва кларнет харидорӣ намуданд. Дар ноҳияи Балҷувон қалъаи “Мири Балҷувон” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозӣ гардида истодааст.
Дар ноҳияи Ховалинг мактаби санъати бачагона муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон ва асбобҳои мусиқӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ сохта шуд, ки бо иштироки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Китобхонаҳои бахши фарҳанг ва якчанд китобхонаи деҳотии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо китобҳои тозанашр ва бадеӣ таъмин гардиданд. Инчунин, толори Қасри фарҳанг ба маблағи 4525 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳраки навбунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ варзишгоҳ, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҷассамаи Ҷ.Балхӣ, мақбараи рамзии Ҷалолиддини Балхӣ, осорхонаи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташрифи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат мақому манзалати фарҳанг дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Чунин навгониҳо дар вилоятамон зиёданд. Аз ҷумла, мавзеъҳои таърихию фарҳангии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён, «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ҷаҳонӣ гардида, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ бо манзалати хос таҷлил карда мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба пуррагӣ дар миёни аҳолӣ ҷорӣ гардид, ин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад даврҳои вилоятии чорабиниҳои Сайри гули лола, Рӯзи Шашмақом, Фалак, китоб, Оши палав, Сад ранги чакан, Чакомаи гесӯ бо омодагиҳои комил ташкилу баргузор карда шуд. Озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, ки аз ҷониби Президенти кишвар баҳри ҷалби бештари сокинони мамлакат ба фарҳангу ҳунар ва каломи маънӣ, техника ва технологияи муосир, рӯ овардан ба асолати миллӣ роҳандозӣ гардидаанд, дар вилоятамон хотирмон сурат мегиранд ва шаҳодати ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Дар партави ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушду нумӯи соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосу нигоҳи тоза дошта, дар ҳама маврид кумаку дастгирӣ менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангии дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, дар рӯзҳои наздик мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Рамазон Насриддинзода,
сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00