Нақши прокуратура дар таҳкими қонуният
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 011
14 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади муҳимро оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қабул намуд, ки онҳо мустақилият ва танҳо ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда будани мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамуданд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки мутобиқи он мансаби прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад ва прокурори генералӣ дар назди Шӯрои Олӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад. Ҳамон рӯз аввалин прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Н. Ҳувайдуллоев) таъйин карда шуд.
Ҳамчунин, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. 30 апрели соли 1992 баъди муҳокимаи умумихалқӣ ин қонун қабул шуд. Бо дарназардошти ҳамин се санади таърихӣ Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 14 март муқаррар шуд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба давраи таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра дар фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 21-уми декабри соли 2021 иброз доштанд, ки Прокуратураи генералии кишвар вазифадор аст назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро дар ин асос бояд пурзӯр намояд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуда, кор дар ин самт низ бояд пурзӯр карда шавад.
Ҷамъбаст ва таҳлил нишон дод, ки дар ин асос прокуратураи вилояти Хатлон соли 2021 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша ва чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, иҷроиши амалии онҳоро таъмин намуда, ҳамчунин бевосита дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузоштааст. Дар ин давра дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура корҳои зиёде ба иҷро расонида шудаанд. Чунончӣ, дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ зиёда аз 4025 маротиба бо лексия ва суҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум 820 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятидошта баромад кардаанд, ки онҳо дар бораи иҷрои дастуру ҳидоятҳои аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеомада, дар бораи аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, дар бораи забон, экст-ремизм ва терроризм, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ноболиғон ва ҷавонон, муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, риояи қонунгузорӣ дар бораи замин, муҳофизати муҳити зист, риояи қонунгузории андоз ва гумрук, вобаста ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва доираи дигар мавзӯъҳои ҳуқуқиро дарбар гирифтаанд.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дошта, оянда низ ин корро суботкорона амалӣ хоҳад кард.
Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони азиз!
Варқаи Зайниддин,
ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1