Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шинос кардани сардори нави Раёсати тандурустии вилоят


Шинос кардани сардори нави Раёсати тандурустии вилоят




Рӯзи 26 феврали соли равон, дар толори Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯри Воҳидов ба хотири шинос кардани сардори нав ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар мушовараи Раёсати тандурстии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матуботии Раёсати тандурустии вилоят, дар кори мушвара муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафор Муҳсинзода, муовининони раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат карданд.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар ифтитоҳи кори мушовара сардори тозатаъини Раёсати танудурстии вилоят Шайдулло Шарифзодаро шиносоӣ кард.

Ғафор Муҳсинзода Шайдулло Шарифзодаро, ки солҳои зиёд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият кардааст, мутахассиси варзидаю кордон муарифӣ кард.
Дар кори мушоврара се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025”, “Ба ҷои кор ҳозиршавии хатмкунандагони солҳои 2019-2021-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хаткардаҳои солҳои 2020-2022-и  коллеҷҳои тиббӣ” ва “Дар бораи вазъи таъминоти маъюбон бо маҳсулотҳои протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ”.

Фирӯа Шарифӣ ва муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафор Муҳсиддинзода вобаста ба ин се масъала бо масъулони соҳа гуфту гузор карданд.

Аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят талаб карда шуд, ки дар иҷрои барномаи давлатӣ ва дигар вазифаҳое, ки назди соҳаи тандурустӣ гузошта шудааст дар шаҳру навоҳии худ мусоидат кунанд. 

Ҳамчунин, аз роҳбарони муассисаҳои танрудустии вилоят талаб карда шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафари охираш ба вилояти Хатлон ва мулоқоташ бо фаъолони вилоят сари вақт иҷро карда, сатҳу сифати хизматрасониро ба мардум боло баранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода