89,4%-и аҳолӣ ваксина гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / 90-солагӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 744
Ба ҳолати 5 феврали соли 2022 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 1 миллиону 690 ҳазору 333 нафар, яъне 89,4%-и аҳолии аз 18-сола боло бо вояи якуми ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус фаро гирифта шуданд.
Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, шумораи умумии гурӯҳҳои мақсадноки ба ваксина фарогирифташаванда дар вилоят 1 миллиону 890 ҳазору 854 нафарро ташкил менамояд. Дар ин давра, ҳамчунин, 1 миллиону 401 ҳазору 908 нафар вояи дуюм (74,1%) ва 18 ҳазору 704 нафар вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма 3 миллиону 972 ҳазору 791 воя ваксина ба вилояти Хатлон ворид гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Дар вилоят маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сирояти нави коронавирус идома дошта, бо ин мақсад дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 675 нуқтаи доимоамалкунанда, 258 нуқтаи муваққатӣ ва 10 нуқтаи мобилӣ фаъолият мекунанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/